Ҳукми пешвозгирии иди милоди Масеҳ (ва соли нави милодӣ) - Тоҷикӣ - Мусъаби Ҳамза: Чигунае ки мебинем ва медонем баъд аз чанд рӯз соли нави милодӣ шуруъ мешавад. Ин маросим ки аслан мазҳари дини дорад вале бисёри аз мардуми мусулмон аз ин бохабар нестанд, ва онҳо ҳам мисли масеҳиён ин идро пешвоз гирифта хушҳоли мекунанд, ва дастархон ороста ҳамдигарро бо фарорасии ин ид табрику таҳният мегуянд. Ва барои ҳамдигар туҳфаҳо харида тақдим мекунанд. Пас оё барои мусулмонон ҷоиз аст ки ин рӯзро пешвоз гирифта дар ин рӯз хушҳоли кунанд? Оё ҷоиз аст ки дастархон ороста дустон ва хешу таборро даъват намоянд? Оё ҷоиз аст ки ширини ва туҳфаҳо тақдим намоянд? Ва дигар саволҳо ки мехоҳам дар ин мақолаи мухтасар ҷавоби худро ёбанд.
ليست هناك تعليقات:
إرسال تعليق